Nigina Amonqulova "Muhabbat (Муҳаббат)" Songtext

Muhabbat (Муҳаббат)

Он кабутарам, ки ғам шикаста болу пар маро,Дар машомам накҳати гулҳои рӯи барг.Мерезад ба рӯи ман, хазони зарди бевафоӣҳо,Мевазад ба сӯи ман, насими сарди ноошноӣҳо.

Ҳей муҳаббати мурда аз ҷафо, бубахш,ки мо ба кадри ту охир нарасидем,Ҳей суруди нотамоми зиндагӣ,чи шуд, ки мо навои ту дигар нашунидем.

Зи худ бехуд шудам, ёди ту кардам,Ба худ боз омадам, ёди ту кардам.

Ба хокистони дунё ҳарчи хокест,Ҳама бар сар задам, ёди ту кардам.[2x]

Аз ин фарзонагӣ, девонагӣ беҳ,Аз ин ҳамбастагӣ, бегонагӣ беҳДаруни хонае аз ҳам ҷудоем,

Аз ин ҳамхонагӣ, бехонагӣ беҳДаруни хонае аз ҳам ҷудоем,Аз ин ҳамхонагӣ, бехонагӣ беҳ!

Ҳей муҳаббати мурда аз чафо, бубахш,ки мо ба кадри ту охир нарасидем,Ҳей суруди нотамоми зиндагӣ, чи шуд,ки мо навои ту дигар нашунидем.[2x]

Hier finden Sie den Text des Liedes Muhabbat (Муҳаббат) Song von Nigina Amonqulova. Oder der Gedichttext Muhabbat (Муҳаббат). Nigina Amonqulova Muhabbat (Муҳаббат) Text. Kann auch unter dem Titel Muhabbat Muҳabbat bekannt sein (Nigina Amonqulova) Text.