Budi kujo, ay bevafo (Буди куҷо, ай бевафо)
Файзали:Буди куҷо, ай бевафо?карди ба ҷони ман ҷафо.
Хуни диламро рехти,бинмо худат кайфу сафо.[2x]
Нигина:Аз бевафоӣ гап назан.ҳастам ба ҳоли хештан.
Бӯй кун гиребонӣ худат,беҳуда мегӯи сухан.
Файзали:Ҳочат набошад бар баён,аз он чи мебошад аён.[2x]
Зистан ба умеди ту буд,омад ба завқи ман зиён.
Нигина:Ай бевафо, ай беҳунар,аҳдам бидоди бар дигар.
Радд карда будам ман вароъ,хастам зи ту хуни ҷигар.[2x]
Файзали:Кай дони матлуби дилам?- аз нияти худ бедилам.
Дар рангу зорӣ зиндагӣ,танҳо ту маҳбуби дилам.[2x]
Нигина:Кардам вафоятро умед -бинмуди охир ноумед.[2x]
Аз ту муродам ин набуд,теғе ба ҷони ман расид.[2x]
Файзали:Дар ҷони ман танҳо туи,як ёри беҳамто туи.
Аввал хабар ёб аз дилам,донандаи дилҳо туи.[2x]
Нигина ва Файзали:Ёдат кунам шому саҳар,намо маро хуни ҷигар.
Хоҳи бидони матлабам,бинмо ба чашмонам назар.[2x]