Shabnam Surayya "Namebakhsham (Намебахшам)" testo

Traduzione in:ru

Namebakhsham (Намебахшам)

Зи баъди он ҳама ашке, ки аз ранҷи ту бигристамДилам ҳаргиз набигзорад, бароят бӯсса бифиристам

Ту ғарқи хеш меболи, надиди он чӣ бояд дидСаду якбор лаби соҳил, пайёми ғусса бинвиштам

~~~~ припев/chorus ~~~~~Ба чашми ту намерахшам, туро ҳаргиз намебахшам[3x]~~~~~~~~~~~~~~

Зи баъди он ҳама шабҳо, ки ҳамдардам фақат маҳ будДу дастам бар дуои ту, ду чашмам ҷониби раҳ буд

Ту побанди нишоти худ, басе бедард хандидиДар он рӯзе, ки бар қалбам саду як ғуссае таҳ буд

припев/chorus

Агар имрӯз пушаймони, китоби ишқ мехониГуноҳатро чи пур бахшам, ту қадри дил намедони

Агар сад ҷон биспори ваё сад рӯд мебориХатоятро намешӯяд, дигар дар дил намемони

припев/chorus

Qui è possibile trovare il testo della canzone Namebakhsham (Намебахшам) di Shabnam Surayya. O il testo della poesie Namebakhsham (Намебахшам). Shabnam Surayya Namebakhsham (Намебахшам) testo. Può anche essere conosciuto per titolo Namebakhsham Namebakhsham (Shabnam Surayya) testo.