Terroristic russia is bombing Ukraine now.
Please, go and ask your governments to stop them.
Ask to switch them off SWIFT, payments, exports, EVERYTHING!
Help Ukraine financially:
Bank of Ukraine

Nigina Amonqulova "Azizi man (Азизи Ман)" paroles

Traduction vers: RU

Азизи ман биё, охир куҷоӣ
Бинолам ман зи дарди бедавоӣ
Асири доғи-ғамҳоям чи созам
Алам дорам зи дарди бевафоӣ [2х]

== припев ==
Чи созам, давлату дунё надорам?
Марав аз ман, ба ҷурми бенавоӣ
Ба қалбам кардаам ишқи туро ҷо
Ба ҷуз ишқат куҷо, чизе кироӣ
Оҳ бевафоӣ
== припев ==

Зи ғамҳои зиёдат сӯхтам ман
Зи ишқи пок хӯрдаам пешпойӣ
Бемор аз дарду-доғу ғам, бемирам
Вале дастам зи домонат нагирам [2х]

== припев == [2х]

Зи ҳадд бигзашт ранҷу хорӣи ман
Худоё, ин чи дарди бедавоӣ?
Куҷоӣ ёри маро, аз ғалтаи ғам
Намояд сӯи шодӣ раҳнамоӣ [2х]

Худоё, ин чи дарди бедавоӣ?