Тоҷик-Форс-Дарӣ
Гар мулки ту Шому гар Яман хоҳад будАз сарҳади Чин то ба Хутан хоҳад будРӯзе ки аз ин саро кунӣ азми сафарҲамроҳи ту ҳафт газ кафан хоҳад буд
Сармояи умри одаме як нафас астОн як нафас аз барои як ҳамнафас астБо ҳамнафасӣ гар нафасӣ биншинӣМаҷмӯи ҳаёти умр он як нафас аст
Тоҷик ваё Форс ваё аҳли Дарӣ, эйДар ҳастию ҳамбастагии якдигарием
Аз аҳли замона ор мебояд доштАз сӯҳбаташон канор мебояд доштАз пеши касе кори касе накушоядУмед ба кирдигор мебояд дошт
Тоҷик ваё Форс ваё аҳли Дарӣ, эйДар ҳастию ҳамбастагии якдигарием