Nigina Amonqulova "Modaram (Модарам)" letra

Traducción al:ru

Modaram (Модарам)

Мерасад форам ба гӯшам, аллаҳои модарам,Зиндагӣ рангин бароям, бо дуои модарам.

Равзаи ризвони ҷонам, дар нигоҳи гарми уст.[2x]

Шодиҳои рӯзгорӣ, ман атои модарам. [2x]

Зери шаҳболи мухаббатҳои у гаштам калон,Гираму бар дида молам хоки пои модарам.

Пас кашад бори гаронӣ, заҳматамро субҳу шом. [2x]

Кист, он гӯяд чи кардам, ман барои модарам. [2x]

Панду андарзе, ки дорам аз баҳори зиндагӣ,Накҳати аз гулситони ҳадияҳои модарам.Чун шавам ғарқи хаёлӣ, ву равам бар худ фурӯғ.Мебари сӯи таманно бо нидои модарам.

Бо кадом ин ганҷи олам ранҷи ту бар мекашад. [2x]

Беҳтар аз ҳар ганҷи дунё бебаҳои модарам. [2x]

Ибтидоӣ чашмаи сидқу сафои модарам.

Aquí se puede encontrar la letra de la canción Modaram (Модарам) de Nigina Amonqulova. O la letra del poema Modaram (Модарам). Nigina Amonqulova Modaram (Модарам) texto. También se puede conocer por título Modaram Modaram (Nigina Amonqulova) texto.